Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманруди ноҳияи Темурмалик вохӯрии судманд бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдор оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон вобаста ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 иброз доштанд, ки «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».
Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки ҳадафи ин гуна суҳбату вохӯриҳоро таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян намудану рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, унвон намуданд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона гардид.
Қайд гардид, ки сатҳи баланди ташвиқу тарғиби Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз асосҳои болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат буда, шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон масъулиятнок бошанд, меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд, аз ҳуқуқҳои худ пурра истифода баранд ва дар ҷамъият рафтори шоиста дошта, худогоҳу ватандӯст бошанд.
Инчунин, барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин дар зиндагии рӯзмарра қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл амалӣ намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон