Вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят пай дар пай идома дорад.
Гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷиратро сардори Раёсат Сироҷзода Исфандиёр роҳбарӣ менамояд.
Дар чорабиниҳои мазкур муовинони раиси ноҳия сарпарасти соҳа, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, фаъолон, раисони маҳалла, имомхатибон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо ширкат доштанд.
Зимни баромади худ Сироҷзода Исфандиёр дар бораи тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, зарурати доштани касбу ҳунар ва шаҳодатномаи тасдиқкунанда, нақши забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.
Гуфта шуд, ки аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муҳоҷирони меҳнатии зиёде дар кишвари Россия мебошанд, ки аксаран бо надонистани забони русӣ, надоштани касбу ҳунар, огоҳ набудан аз қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ вурудшавиашон ба ҳудуди ин давлат манъ карда шудааст.
Ҷамъомадагон дар хусуси тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон, кумакҳои Хадамоти муҳоҷират ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва наздикони онҳо, роҳҳои ба касбомӯзӣ ҷалб кардани муҳоҷирон пеш аз сафар, маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгони кормандони Хадамоти муҳоҷират маълумоти дақиқ гирифтанд.
Ҳамзамон зимни баргузории вохӯриҳо аз ҷониби маърӯзачиён пеш аз ҳама оид ба пешгири содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву – экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, маърифати сиёсию – ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонида додани моҳият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падар модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамзамон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин вохӯрии иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара низ баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон