Вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар мавзӯи омодагии пешакӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, гурӯҳҳои террористӣ экстремистӣ аз ҷониби ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб ва истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ҳамарӯза гузаронида мешавад.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар атрофи омодагии пешакии муҳоҷирон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии муҳоҷирон, аз ҷумла ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва донистани қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ҳангоми будубош ироа мегардад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси ҳалокати одамони бегуноҳ, халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин мегардад. Ба ҳозирин расонида шуд, ки пеш аз ҳама худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ ва ифротгароён омодаанд, ки ҳар нафар сокини ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардуруғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Вобаста ба ин ба ҳозирин маслиҳатҳои муфид дода шуда, таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошед ва кӯшиш намоед мушкилоти худро дар мақомотҳои дахлдори қудратии Федератсияи Россия ё Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қарордошта ҳал намоед.
Дигар масъалае, ки ба саҳми ҳозирин расонида шуд, ин ҳодисаҳои рух додани савдои одамон ва одамрабоӣ буда, дар хориҷи кишвар ба чунин ҳолатҳо низ дучор шудан эҳтимолият дошта, барои пулу маблағ ва истифода бурдани қувваи кории арзон гурӯҳҳои одамрабо шахсро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд.
Бо назардошти ин таъкид гардид, ки бо шахсони ношинос ва шубҳанок, ки ба Шумо ҷойи кори хубу маблағҳои калонро ваъда медиҳанд эҳтиёткор буда, фаъолияти меҳнатиро тариқи шартнома бо корфармоёни расмии давлати қарордоштаатон ба роҳ монед.
Қайд гардид, ки пеш аз сафар муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳади ақал бо тарзи муошират бояд донанд, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошанд ва қоидаҳои будубошро тибқи талабот риоя намоянд.
Дар фарҷом ба ҳозирин буклетҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба “Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” ва роҳнамои ҷойҳои кории холи дар ҶСК “НБО Роғун” тақсим карда шуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират