Бо мақсади пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Темурмалик Айниддин Аслиддин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Раҷабзода Маҳмасаид, сардори КДАМ Нуралиев Фаридун, мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, дин танзим ва ҷашну маросим, шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ дар ноҳия оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, муҳоҷирати бехатар, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ, арзишҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, истифодабарии самараноки нерӯи барқ ва фаро гирифтани бекорон бо ҷойи кори доимӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Кангурт деҳаи Чавроқ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сафарзода Баҳодур, ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳия расонид, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон таъкид доштанд, ки вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар ин росто, адо намудани қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандӣ – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу ори Ватан маҳсуб меёбад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола ҷавонони содиқу созандаи кишвар бо амри дилу виҷдон ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
Инчунин, дар бораи тағйироту иловаҳои охирон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи мақсадноки қувваи барқ маълумоти муфассал дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик