Дар нимаи дуюми рӯзи 6 декабри соли равон намояндагони Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии директори раёсати қувваи кории хориҷӣ ҳамин Вазорат Ли Сан Им ҷиҳати шиносоии бештар бо фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” – и Хадамоти муҳоҷират баррасии масъалаи омода кардани қувваи корӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар дидан намуданд.
Зимни мулоқот бо Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, ки дар синфхонаи Марказ баргузор гардид, тарафҳо оиди муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ муваққатӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соҳаи сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират ба меҳмонони кореягӣ муфассал дар бораи фаъолияти Марказҳои машваратӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ маълумоти мухтасар дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, имзои лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва механизми татбиқи созишномаҳои байни сохторҳои вазорат ва музофотҳои Ҷумҳурии Корея ба имзо расидаро ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар Корея баррасӣ карданд. Аз ҷумла, оид ба воридшавӣ ба низоми EPS ва ҷудо намудани квотаҳои солона ба муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ карда, иброз доштанд, ки ин имконият медиҳад ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар рафти корашон ҳифз карда шаванд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Субҳи 7 декабри соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея аз фаъолияти МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират