Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар қисми ҳарбии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани сифатҳои ахлоқӣ, эҳсоси ватандустӣ, рушди варзиш, инчунин омодагии ҷавонон барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ вохӯрии судманд бо афсарон ва сарбозон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Идиев Азизулло, оид ба тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, амалҳои зиддиахлоқӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии нашъамандӣ, пурзур намудани мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуби ҷомеаи муосир, иброзӣ назар карданд.
Мавсуф иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, ба хусус, давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд.
Ин кишварҳо аз артиши пурқудрати собиқ Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд.
Аммо вазъи мураккаби он солҳо имкон надод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мероси артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади раҳнамоии ҷавонон ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ, ки аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, – афзуд А.Идиев.
Дар идома мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Билол Ғафорзода, иброз дошт, ки воқеан ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини сулҳу субот, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллии кишварамон нақши барҷаста ва бузург доранд.
Пойдорӣ ва устувории пояҳои Артиши миллӣ аз тартибу низоми қатъии афсарону аскарон вобаста мебошад, ки асоси онро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва Оинномаи ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизом ва тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дигар баромадкунандагон доир ба далерию шуҷоамтамндии сарбозону афсарони кишвар андешаҳояшонро баён намуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ