Бо ибтикори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан баргашта баргузор гардид.
Масъалаи асосии чорабинӣ ин ҷиҳати таъмин гаштани муҳоҷирони баргашта бо ҷойҳои холии корӣ дар корхонаҳои саноатӣ аз ҳудуди вилоят ва пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, муҳоҷирати бехатар, шинос намудани шаҳрвандон ба қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират буд.
Зимни баромад сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Камолзода Саид бо ҳозирин ҳамсуҳбат шуда ҷиҳати таъмин гаштани муҳоҷирони баргашта бо ҷойҳои холии корӣ дар корхонаҳои саноатӣ, инчунин оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ,танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Инчунин бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта тибқи супориши Ситоди вилоятӣ вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун» варақаҳо, буклетҳо пешниҳод намуда, барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» ба қайд гирифта шуданд.
Баъди шунидани маърӯза сӯҳбатҳои озод ва саволу ҷавоб байни иштирокчиёни чорабинӣ доир шуда иштирокдорон ба ҳар як саволи худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд ва хоҳиш намуданд, ки чунин чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ мунтазам баргузор шавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд минбаъд низ ҷиҳати гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ фаъолияти худро хубтару беҳтар менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд