Бо ибтикори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, вохӯри судманд бо фаъолон, сокинон ва муҳоҷирони ба ватан баргашта дар толори қасри фарҳангӣ шаҳри Ваҳдат баргузор намуданд.
Дар ин чорабинии иттилоотӣ муовини роҳбари барномаҳои рушди Британияи Кабир дар Осиёи Миёна Майкл Галлагер иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур корманди масъули Марказ баромад намуда, ба таври саҳеҳ вобаста ба рафти корҳои мавсимӣ дар Британияи Кабир, фаъолияти корӣ дар Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Корея, Литва, Болгария ва Мисри Араб, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар маълумот дод.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ бо сокинон дар бораи муҳоҷирати бехатар, ҳангоми муҳоҷират вохӯрдан бо шахсони фиребгар, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирон, ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират, аз ҷумла МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз муҳоҷират ва ташаккули малакаҳои касбӣ пешниҳод гардид.
Инчунин, дар чорабинӣ масъалаҳои асосии қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия ва тағйироти нав дар қоидаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба иштирокчиён маълумот барои тамос ба телефони боварии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази машваратӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти мулоқот муовини роҳбари барномаҳои рушди Британияи Кабир дар Осиёи Миёна Майкл Галлагер, дар бораи чорчӯбаи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир”, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ оғоз шудааст, баҳри беҳтар омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ барои иштирок дар барнома равона шудааст, ибрози сухан намуд.
Ҳамзамон ӯ муфассал дар бораи барномаҳои рушди Британияи Кабир дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе