Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд вобаста ба “Бехатарии меҳнат” ва “Оиди муҳоҷирати бехатар” дар Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи тандурустии вилоят аз ҷониби Бобозода Идимад – намояндаи Хадамоти назорати давлати дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оқилӣ Камол Толибзода – директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд бо сокинони вилоят баргузор гардид.
Сараввал Бобозода Идимад – намояндаи Хадамоти назорати давлати дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии меҳнат суханронӣ намуда, масъалаҳои ҳифз ва бехатарии меҳнатро фаҳмонид.
Сипас, Оқилӣ Камол Толибзода – директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд доир ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, фаҳмонидани талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), суханронӣ намуданд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби шунавандагон саволҳо дода шуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.
МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд