Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар маркази шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина, намояндагони ШВКД-1 ва Раёсати маорифи шаҳр бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо, вохӯрии судманд доир гардид.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Дар рафти суҳбат бо сокинони шаҳр сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов Мустақим, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун” ва дигар ширкатҳои ватанӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд