Бо ибтикори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таҷовуз ба номус, зуроварӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, танфурушӣ, хариду фуруши инсон, омӯзиши моҳият ва муҳтавои Пайёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ҳамзамон тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим вохӯрӣ бо ҷавонон ва падару модарони онҳо ва як гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар бораи рафтору кирдори баъзе аз муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷа буда, сухан гуфта, қайд кард, ки имрӯз ҷавонони мо дар хориҷи кишвар ба рафторҳои номатлуб даст мезананд, либосҳои ба миллати мо бегонаро дар бар мекунанд, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гардида обрӯи миллати тоҷик ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хоста мегардонанд.
Мавсуф, инчунин ба ҳозирин дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ оиди донистани забони русӣ, қонун ва таърихи Россия, гирифтани Патент, оиди имтиёз доштани 5 категорияи муҳоҷирони меҳнатӣ оиди пеш аз муҳлат кушодани вурудашон манъшуда, маълумоти муфассал дод.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва бо саволу ҷавоб гузашта, ба ҳозирин таассуроти нек бахшид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор