Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва он шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, ҷоннок намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо он муҳоҷирони меҳнатие, ки айни замон аз кишвари Россия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба он нафароне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карда шуд, ки аз 1 январи соли 2027 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, бояд сатҳи ҳадди ақалли даромад дошта бошанд, то барои таъмини зиндагии худ ва аъзои оилааш, ки дар ин давлат ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанд ва аз ҷиҳати молиявӣ дар таъминоти ӯ қарор доранд, кофӣ бошад.
Ҳаҷми чунин таъминот набояд аз андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ бо назардошти коэффитсиенти минтақавии муқарраргардида камтар бошад. Коэффитсиенти дахлдор дар ҳар субъекти ин давлат бо назардошти шароити минтақа муайян карда мешавад. Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ дар ду ё зиёда субъекти Федератсияи Россия (мисол — вилояти Москва ва Ленинград) фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳад, ҳисобкунии маблағи зарурӣ бо назардошти баландтарин андозаи ҳадди ақалли зиндагии муқарраргардида дар байни ин минтақаҳо анҷом дода мешавад.
Инчунин, агар шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳад, муҳлати будубоши муваққатии фарзандони ӯ метавонад ба муҳлати амали патент тамдид карда шавад. Ҳамзамон, муҳлати будубоши фарзанд наметавонад аз расидан ба синни 18 зиёд бошад. Тамдиди муҳлати будубош ба риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, аз ҷумла сари вақт пардохт намудани андози авансии даромади шахсони воқеӣ вобаста аст.
Пас аз расидан ба синни 18 шаҳрванди хориҷӣ бояд мустақилона талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро риоя намуда, барои қонунӣ будани будубоши худ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешад. Аз ҷумла, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ӯ бояд дар муҳлати 30 рӯз аз қаламрави Федератсияи Россия хориҷ шавад ё барои фаъолияти меҳнатӣ ба таври дахлдор патент гирифта, пардохтҳои авансии андозро сари вақт анҷом диҳад ва фаъолияти меҳнатиро қонунӣ ба роҳ монад.
Ҳамчунин аз 1 марти соли 2027 талаботи марбут ба сатҳи музди меҳнати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Федератсияи Россия мақоми мутахассиси баландихтисос доранд, низ тағйир меёбад. Ҳадди ақалли муайяншудаи музди меҳнати чунин мутахассисон қариб се баробар – аз 250 ҳазор рубл то 717 ҳазор рубл зиёд карда мешавад.
Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давлат фаъолияти меҳнатӣ доранд, даъват менамояд, ки ба тағйироти қонунгузории муҳоҷиратӣ бо масъулияти ҷиддӣ муносибат намоянд. Инчунин, муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ, патент, пардохтҳои авансии андоз ва дигар талаботи қонунгузориро сари вақт риоя кунанд. Зеро риояи қонунгузории Федератсияи Россия, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва сари вақт анҷом додани ҳама пардохтҳои ҳатмӣ омили муҳими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии мушкилоти марбут ба будубош ва фаъолияти меҳнатии онҳо мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

