Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ шаҳрвандон таъкид карда шуданд, ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд. Вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё “шарикони расмӣ” муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд.
Аз ин лиҳоз, Хадамоти муҳоҷират тавсия медиҳад, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки айни замон аз Федератсияи Россия ба Ватан бозгаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои кории холӣ дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид дода шуданд.
Дар фарҷом, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол – центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

