Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Ошоба бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, оид ба вазъи бозори меҳнат, ҷойҳои кории холӣ, имкониятҳои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон ва аҳамияти касбомӯзӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ маълумот дода шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи мубориза бо коррупсия низ баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки пешгирии ин зуҳуроти номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, дар ин самт ҳамкории дастаҷамъона ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муҳим мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба сокинон тавсия дода шуд, ки ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар қонунгузории кишвари қабулкунанда, расмиёти будубош ва талаботи муҳоҷиратиро риоя намуда, барои пайдо кардани ҷойи кори муносиб аз имкониятҳои мавҷудаи шуғл истифода баранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

