Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни сокинони шаҳри Душанбе оид ба тағийротҳои қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии масъулини намояндагони ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинони шаҳраки 46 ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Файзализода Сафаралӣ вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба сокинон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуданд.
Сокинони ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират саволҳо дода, масъулин ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас гардониданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
