Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода вохӯрии судманд бо сокинони шаҳр дар бозори марказӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ба сокинони шаҳр дар бораи терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда, кайд карданд, ки иддае аз ҷавонони тоҷик бинобар надоштани дониши қазоӣ гирифтори тарғиботу дасисаҳои экстремистӣ гардидаанд.
Ва ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандонаш, ки асосан мусулмонанд, тамоми шароитро муҳайё кардааст.
Аммо онҳо китоби муқаддаси Қуръонро, ки бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди зиёд ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, намехонанд, аз суннатҳои Паёмбари акрам (с) бехабаранд, аз ин рӯ зуд ба доми фитнагарон меафтанд.
Имрӯз дар кишварамон барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо тадбирҳои зиёд андешида мешавад.
Аз ҷумла, соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин эътимод ба имрӯзу фардои неки насли ҷавон аст.
Ин нерӯи бузурги созанда ҳамчунин бояд сипари боэътимоди Тоҷикистони шукуфони мо аз ҳама гуна хатарҳои терроризму экстремизм бошад.
Ба ин хотир таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд ҳамеша дар хотир дошт: “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Мувофиқи маълумот, соли 2017 дар вилояти Суғд якчанд гурӯҳи экстремистӣ-динӣ аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир шуданд.
Чунончи, дар шаҳри Панҷакент гурӯҳе ошкор гардид, ки онҳо баҳри ташкили хилофат фаъолият дошта, як гурӯҳ ҷавононро барои ҷанг ба давлати Сурия равон карда буданд.
Барои мубориза ва раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ моро зарур аст, то мардумро аз роҳҳое, ки онҳо барои ҷалби нафарон истифода менамоянд, огоҳ кунем ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиро дар сатҳи қишрҳои гуногуни ҷомеа сари вақт ҳал намоем.
Ин масъалаи муҳим дар баробари дигар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: “Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.
Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.
Пешвои миллат ҳангоми мулоқоту суҳбатҳояшон бо фаъолону сокинони ин ё он шаҳру навоҳӣ борҳо даъват кардаанд, ки «фарзандону ҷавононро аз ин роҳи бад баргардонед ва нагузоред, ки худро қурбонии тавтеа, фиреб ва манофеи бегонагон кунанд».
Воқеан ҳам, садсолаҳо қабл мардум мегуфтанд: “Бо моҳ шинӣ — моҳ шавӣ, бо дег шинӣ — сиёҳ шавӣ”. Яъне ҳатто дар замонҳое, ки ҳанӯз мафҳумҳои “ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ” ё “шарикӣ дар ҷиноят” вуҷуд надоштанд, мардум инро дар зиндагии худ таҷриба карданд.
Сипас, корманди масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Тошева Ф., аз лаҳзаҳои мусоид истифода намуда, атрофи худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад баромад намуд.
Мақсади ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёд пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.
Мавриди зикр аст, ки суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар чанд вижагии хос дорад.
Он, аввалан, Паёме аст, ки на танҳо ба фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, балки ба тамоми ҳамватанони мо равона шудааст.
Дуюм, масъалаҳое, ки дар суханронӣ матраҳ гардиданд, доманаи васеъ дошта, ба равандҳои дар ҷаҳони муосир идомадошта, алоқаманданд. С
еюм, матни суханронӣ аз ҷанбаи пурқуввати таҳлилӣ ва руҳияи худогоҳиву худсозӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ хуб бархӯрдор аст.
Чаҳорум, суханронӣ оҳанги баланди публитсистӣ дорад.
Масъалае, ки таваҷҷуҳи Ҷаноби Олиро ба худ кашидааст, дорои хислати иҷтимоӣ аст, он ба рисолати инсон, шахс ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иртибот мегирад.
Бунёди меҳварии ин суханронӣ одам аст, ки барои шарафи одамият талош мекунад.
Агар талошҳо маърифатнок амалӣ шаванд, манфиаташ ба ҷомеа бештар мешавад, дар акси ҳол мушкилотро ба бор меорад.
Панҷум, мулоқот ва суханронӣ ба Соли маърифати ҳуқуқӣ сахт тавъам аст.
Мазмуну муҳтавои он барои вусъати маърифати ҳуқуқии мардум, хусусан дар ҷанбаи фарҳанги динӣ, басо созгор ва таъсиргузор аст.
Дар охир ба иштироккунандагони мулоқот варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷойҳои холии корӣ дар хориҷи кишвар ва дохили ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода