Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ бо сокинони кӯчаи Сомонӣ 2-и ноҳия вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

