Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак дар деҳаҳои ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии муовинони раиси ноҳия Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо вохӯриҳои судманд бо сокинону фаъолони ҳизб, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардида истодааст, ки дар рафти вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир, мудири бахши сайёҳӣ Муродзода Фурқат, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим, котиби Комиссияи мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроия Шарипов Шаҳбоз ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ менамоянд.
Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар гурӯҳи корӣ намояндагони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, кумитаҳои маҳалла ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат меварзанд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон атрофи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия», дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, муқовимат бо коррупсия, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, атрофи самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дар ҳар як оила захира намудани маводҳои ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, чораҳои пешгирикунӣ бо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, баргузории чорабиниҳои гуногуни маданиву равшаннамоӣ, пур кардани мафкураи оилаҳои ҷавон ва кӯдакону ҷавонон бо ақидаҳои ватандӯстонаву илму фарҳанг, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати махсус қарор додани тарбияи фарзандон ва фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ибрози андеша намуданд.
Инчунин, масъулин иброз доштанд, ки саҳми арзандаву хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату каҳрамонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид карда, ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.
Дар ин маврид, масъулин қайд намуданд, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.
Баъдан таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Ҳамзамон ёдрас намуданд, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: «Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд».
Гузашта аз ин, қайд гардид, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини экстремистию – террористӣ мебошад.
Дар идома, масъулин иброз доштанд, ки падару модаронро зарур аст, ки одобу ахлоқи фарзандонашонро дар мадди аввал гузоранд.
Нисбат ба гуфтору муомилаву рафтори фарзандонашон натанҳо дар хона, балки дар кӯчаву мактаб ва донишгоҳ бетафовут набошанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо фарзанди боодоб ба падару модараш раҳмату офарин меорад.
Як нуқтаи дигарро қайд намуданд, ки албатта, тақлид карда, аз касе чизи хуб ва ё кори манфиатоваре омӯхтан хуб аст. Вале афсӯс, ки баъзе аз ҷавонону наврасони имрӯзаи мо тақлид ба одобу рафтор ва либоспӯшии мамолики Ғарб намудаанд. Ба фарҳанге, ки риштаи шарқиёнаи хислатамонро ноаён бар меканад.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони баору номуси миллати тоҷикро зарур аст, ки ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошанд.
Маҳз наврасону ҷавонон бо дониши комил зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Дар ин раванд, аз тарафи масъулин ба сокинони ноҳия варақаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъҳои гуногун дастрас гардид.
Дар фарҷоми вохӯриҳо аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда, саволу ҷавоб доир мегардад.
Дар ин асно, қайд менамоем, ки масъулин аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуданд.
Илова бар ин, масъулин баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамоянд.
Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб