Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ки дар асоси Амри раиси ноҳия аз 20-уми декабри соли 2024, № 132 «Дар бораи таъсиси гурӯҳи кории ноҳиявӣ» ба тавсиб расидааст, дар деҳаҳои Ѓажне, Хоҷа оби гарм, Варзоб, Варзоб – Қалъа ва мавзеи Даштиринҷони ноҳия таҳти роҳбарии муовинони раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо ва Ёдгорзода Шоҳин Ёдгор вохӯриҳои судманд бо сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатии бав атан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар рафти вохӯриҳо раиси КИ ҲХДТ Қосимзода Маҳтоб Пир, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат Ниёзов Давлатшоҳ, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим, ҳуқуқшиноси Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе Дадахонов Муҳаммадсолеҳ, машваратчии Маркази захиравии муҳоҷирон Бобоёров Комрон, ёрдамчии Маркази захиравии муҳоҷирон Назришоев Ҳоди ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар ин гурӯҳҳои коррӣ намояндагон ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон атрофи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, дар самти татбиқи “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, оид ба рӯйхати шахсони назоратшаванда (зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд), ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия омода гардидааст, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта, ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои афзалиятноку стратегии давлат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум ва беҳдошти рӯзгори сокинони мамлакат, муқовимат бо коррупсия, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, атрофи самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, чораҳои пешгирикунӣ бо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, баргузории чорабиниҳои гуногуни маданиву равшаннамоӣ, пур кардани мафкураи оилаҳои ҷавон ва кӯдакону ҷавонон бо ақидаҳои ватандӯстонаву илму фарҳанг, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати махсус қарор додани тарбияи фарзандон, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун» ва фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ибрози андеша намуданд.
Баъдан таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Мусаллам аст, ки сокинони аксари кишварҳои Сайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пеш аз ҳама ба кишвари макони зисти доимӣ ва ҳам ба аҳли оилаи худ манфиат меоранд.
Як нуқтаи дигарро қайд намуданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳои (диаспораҳои) бурунмарзии кишвар ҳамкории судмандро ба роҳ монда, аз кору фаъолият ва шароити зиндагии ҳамватанони бурунмарзӣ пуштибонӣ менамояд.
Дар баробари ин, ибрози андеша намуданд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.
Дар ин раванд, ба сокинони ноҳия варақаҳои иттилоотӣ дар мавзуъҳои гуногун дастрас гардид.
Дар фарҷоми вохӯриҳо аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзуъҳои матраҳшуда, саволу ҷавоб ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб