Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳти Раёсати муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, роҳбари шуъбаи кор бо ҳайати шахсӣ дар самти шаҳрвандони хориҷӣ, намояндаи ширкати Ҷамъияти саҳомии “Пермтрансжелезобетон”-и водии Перми Федератсияи Россия Филатова Любов Николаевна, роҳбари гурӯҳи ҳамкориҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Умедҷон, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Зокиров Насрулло ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим бо сокинони ноҳияи Варзоб бахусус ҷавонони бекор ва волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст, муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо меҳмононро барои ташриф оварданашон ба ноҳияи зебоманзари Варзоб хайрамақдам гуфта, сипас доир ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Дар ин замина, баромадкунандагон таъкид карданд, ки тавре иттилоъ доред, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мунтазам тағйирёбии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва амнияти Сайёра дар роҳи пешрафти босуботи иқтисодӣ ва ба ҳадафҳои стратегӣ расидан, таъмин намудани зиндагии шоиста ва бомароми аҳолии мамлакат қадамҳои устувор гузоштааст.
Илова бар ин, баромадкунандагон қайд намуданд, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: “Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд”.
Ҳамчунин, баромадкунандагон иброз доштанд, ки бо мақсади ба низом даровардани равандҳои муҳоҷират, татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуданд, ки ҳадафи он ба ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои қабулкунанда, инчунин ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодагии пеш аз сафари онҳо иртибот доранд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ баромадкунандагон ибрози андеша намуданд, ки читавре, ки маълум аст, Федератсияи Россия дар қонунгузории худ нисбати муҳоҷирони меҳнатии воридшаванда дигаргуниҳо ворид намуда, низоми дохил шудан ба кишварашро пурзӯр намудааст, мавриди амал қарор дорад. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ акнун лозим мебояд, ки қоидаҳои навъи будубошро дар Федератсияи Русия риоя намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот Филатова Любов Николаевна дар мавзуъҳои мақсад маром ва самтҳои фаъолияти Ҷамъияти саҳомии “Пермтрансжелезобетон”-и водии Перми Федератсияи Россия шинос намудани корҷӯён бо шарту шароити пешниҳоднамудаи корфармоён ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

