Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии навбатиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо, сокинон ва фаолони маҳаллаҳои 1-май ва Борбади шаҳри Кӯлоб баргузор намуданд.
Зимни баромад иштирокчиён оид ба масъалаҳои муҳоҷирати муташаккилонаи бехатар, пешгирии ҳодисаҳои ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои радикалӣ, муқовимат ба муқобили савдои одамон ва фаҳмонидани моҳияти қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намуданд.
Дар баромад қайд гардид, ки тибқи нақшаи гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, ки ба якчанд мушкилотҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ мешаванд, суханронӣ намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо маълумот доданд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба сини 18-солагӣ расидаанд метавонанд бо тартиби раводид фаолияти меҳнатиро дар давлатҳои хориҷи кишвар, бахусус Федератсияи Россия тибқи шартномаи меҳнатӣ бо шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монанд.
Бо назардошти он, ки муҳоҷирати бехатар ва манфиатнок бошад, ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд дар муддати 30 – рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ ба ҳудуди дигар давлат, шахсон ё таввассути субъектҳои ваколатдори он ба мақомоти ҳудудии ВКД оид ба муҳоҷират ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда, барои гирифтани иҷозати корӣ дар доираи Патент, суғуртаи ихтиёрии тиббӣ бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи надоштани бемориҳои сироятӣ мурорҷиат намояд.
Инчунин, дар муҳоҷири меҳнатӣ донистани забон ва доштани ҳуҷҷати касбӣ зарур мебошад.
Аз ин лиҳоз, тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба хориҷа ба пуррагӣ омодагӣ гирифта, аз курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва касбомӯзии марказҳои таълимӣ истифода намуда, соҳиби касб гарданд ва ё дар сурати доштани малакаи касбӣ бо супоридани тест соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардида тавонанд.
Ҳамзамон тавсия дода шуд, ки пеш аз гирифтани чиптаи сафар оиди манъ будан ё набудани вуруд худро тавассути руйхати манъшудагон аз хизматрасонии шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб истифода баранд.
Ба ҳозирин вобаста ба тағйиротҳои нави ворид гардида ба қонунгузориҳои Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои созмонҳои экстремистию террористӣ ва одамрабоию савдои одамон маълумотҳои муфассал дода шуд.
Қайд гардид, ки ҳангоми дар муҳоҷират ба мушкилотҳо дучор гардидан мушкилоти худро ба танҳои не, балки метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шӯғли аҳолӣ ва Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Боиси қайд аст, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб мавҷуд буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузург, аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва сохтмону азнавсозии шоҳроҳҳои байналмиллалӣ ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд, вобаста ба ин даъват ба амал оварда шуд, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, дар бунёдкорӣ ва созандагии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Вализода Султон ба иштирокчиёни вохӯри оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳар як фарди ҷомеъаи имрӯзаи моро зарур аст, ки дар сарҷамъӣ ҷиҳати тарбияи наврасону ҷавонон ба ватандӯстӣ, ҷоннок намудани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ вобаста ба пешгирии омилҳои сарзадани амалҳои нангини экстремистию террористӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон саволҳои сершумор вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, роҳҳои ҳаллу фасли мушкилотҳо ва махсусан оиди имкониятои мавҷуда вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дода шуд, ки аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб