Ҳамарӯза кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо як гурӯҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз кишвари Россия бозгаштаанд ва он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, вохӯрии навбатӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо ҳар як нафар шаҳрванди меҳнатие, ки айни замон аз Федератсияи Россия ба Ватан бозгаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки омодаи сафар ба кишвари Россия ҳастанд, таъкид намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти Москва тартиби нави бақайдгирии шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ бе раводид ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, ҷорӣ карда шуд. Шаҳрандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади кор ба Россия меоянд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо, вазифадоранд ба қайд гирифта шаванд. Барои ин зарур аст, ки ба Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират дар Сахарово ё ба шуъбаҳои ҳудудии Раёсати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират муроҷиат намоянд. Дар рафти бақайдгирӣ гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи мобилии “Амина” ҳатмӣ гардид. Ин барнома ҷойгиршавии муҳоҷирро сабт намуда, маълумотро дар бораи мақоми ҳуқуқии ӯ намоиш медиҳад.
Набудани қайдгирӣ дар ҷои иқомат, инчунин рад кардани истифодаи барномаи мобилӣ ҳамчун вайронкунии қоидаҳои муҳоҷират ҳисобида шуда, метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ, то ихроҷ аз ҳудуди Федератсияи Россия ва манъи воридшавии такрорӣ гардад.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо тавсия дода мешавад, ки пешакӣ шароити иқоматро муайян намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо барои тавзеҳот ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё ба шуъбаҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷиратии Россия муроҷиат намоянд.
Дар фарҷом, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
