Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути ҳавопаймо ба кишвари Россия сафар доранд, ҷоннок намуда, ба ҳозирин риояи талаботҳои амалкунандаи қонуни Федералӣ “Дар бораи будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия”, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия, доштани маълумоти зарурӣ оиди муҳоҷирати меҳнатии бехатар, хавфҳои муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва худдорӣ намудан аз воридшавӣ ба гурӯҳҳои тундрави ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Ашуров Суҳроб, шаҳрвандонро бо мушкилотҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират ба вуқуъ омадааст ва чи тавр пешгирӣ намудан аз ин омилҳо нигоҳ доштани худ, суханронӣ намуда, ҳозиринро ба қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, шинос намуд.
Ба саҳми муҳоҷирон расонида шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ҳатман, шиносномаи худро дар маҳзани манъшудагон аз санҷиш гузаронида, бо маслиҳатҳои муфиди мутахассисони Хадамоти муҳоҷират азми сафар намоянд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ба тарзи дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷиратӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, пеш аз сафар ба кишварҳои қабулкунандаи бозори меҳнат, аз ҷумла Федератсияи Россия ҳар як нафар бояд ҳуҷҷати касбӣ дошта бошад, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳади ақал бо тарзи муошират бояд донад ва аз қонунҳои амалкунандаи давлати қарордоштаи худ хабардор буда, ҳангоми фаолияти кориаш тартиботи конунгузориро риоя намуда, бехатарии худро аз хавфу хатарҳои дар муҳоҷират қарор дошта, таъмин намояд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористию эктремистӣ, ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона ва дигар масоили мубрами рӯз бардошта шуда, қайд гардид, ки экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар давлатҳои тарақикардаи дунё бар аъло ба мушоҳида мегардад, ки ин боиси нигаронии сохти амнияти ҷамъиятии давлатҳои осоишта буда, амалҳои нангини бераҳмро нисбати башарият собит месозад.
Вобаста ба ин, ҳар як фарди солимфикр бояд худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирад, зеро ҳадафи гурӯҳу созмонҳои тундгаро он аст, ки нафари беғарази ҷамъияти имрӯза ва муҳоҷирони меҳнатиро, ки онҳо дар зиндагӣ рӯҳафтода ва эҳтиёҷ ба маблағ доранд, тариқи даъватҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои однокласник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардуруғ ҷалб намуда, барои содир намудани ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.
Бо назардошти ин таъкид гардид, ки дар ҳолати дучор омадан ба чунин гурӯҳҳо эҳтиёткориро аз даст надода, мушкилоти худро бо Намояндагони Сафорату, Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР дар самти муҳоҷират қарордошта, ҳал намоед.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бакортаъминшавӣ ва касбомӯзӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва брошюраи роҳнамоӣ ҳангоми сафар тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон