Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар ҳамарӯза корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳури – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути парвоз ба кишвари Фдерератсияи Россия равонаанд, ҷоннок намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар як вохӯрӣ бо шаҳрвандон тарзи дуруст омода будан пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, донистани қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, эълон намудани ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои ватании кишвар фаҳмонида мешавад.
Ҳамзамон кормандони масъули бахш вобаста ба доғи рӯз, ки ҷаҳони имрӯзаи моро ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гурӯҳҳои террористию-экстремистӣ ба ташвиш овардааст, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки экстремизм, терроризм, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси ҳалокати одамони бегуноҳ, халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин гардидааст.
Барои ба пуррагӣ решакан намудани ин гурӯҳҳо ҷомеаи ҷаҳониро мебояд, ки бар зидди он дар якҷоягӣ мубориза баранд.
Таъкид гардид, ки чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар пеш аз ҳама худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ ва ифротгароён ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳо истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо ба гумроҳӣ бурда, бо ваъдаҳои бардурӯғ ба сафҳои худ шомил менамоянд.
Вобаста ба ин моро зарур аст, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, ба ваъдаҳои бардурӯғи онҳо фирефта нагардида, мушкилоти худро дар Сафорату, Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ё мақомотҳои расмии дахлдори ҳифзи ҳуқуқи давлати қарордошта ҳал намоем.
Бинобар ин моро зарур аст, ки бо шахсони ношиносу шубҳанок, ки ба Шумо ҷойи кори хубу маблағи калон ваъда медиҳанд эҳтиёткор буда, бо корфармоёни расмӣ тибқи шартномаи меҳнатии тарафайн кору фаъолият карданро ба роҳ монед.
Боиси қайд аст, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб мавҷуд буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузург аз қабили ҶСК “НБО Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил” ва дигар сохтмонҳои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Бо назардошти ин даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳар як фарди ватандӯстро мебояд аз ин имкониятҳои манфиатдор самаранок истифода бурда, дар ободию созандагии ватани хеш саҳми арзанда гузорад.
Дар охир тавсия дода шуд, ки дар хориҷи кишвар худро эҳтиёт намуда, зиракию ҳушёрии хешро аз даст надиҳанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон