Вохӯрӣ бо сокинони кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон – Абдумалик Шоназарзода дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳри Гулистон, иборат аз мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, мудири бахши кор бо занон ва оила ва сармутахассис-котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки МИҲД-и шаҳрӣ, инчунин бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор карда шуда, дар давоми он масъулони болозикр бонавбат суханронӣ намуда, оиди сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ даъват карданд, ки ба ин васила ободу тоза нигоҳ доштани шаҳру маҳалҳои он таъмин гардад.
Дар навбати худ, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон – Абдумалик Шоназарзода доир ба муҳоҷирати бехатар сухан гуфта, таъкид намуд, ки шаҳрвандон ҳангоми сафар ба таври ҳатмӣ бояд аз қонунгузории кишвари мақсади сафар огоҳ бошанд, забони расмии онро дар сатҳи муошират донанд, фарҳангу маданият ва қоидаҳои рафтори ҳамон маҳалро эҳтиром ва риоя кунанд, аз фарҳанги истифодаи технолгияҳои муосир, аз ҷумла шабакаи интернет (шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо ва ғайра) воқиф бошанд. Инчунин, аз шиносоиву муносибат бо ашхоси шубҳанок, чӣ дар ҳаёти воқеӣ ва чӣ тавассути интернет, худдорӣ кунанд.
Ба назардошти наздик омадани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” ҳамаи маърӯзачиён ҳозиринро ба иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ даъват намуда, ҳамагонро водор сохт, ки худшиносию худогоҳии миллии ҳар як нафар, хусусан зери чунин тарбия ба воя расидани насли наврас ва бо чунин руҳия зистани ҷавонон вазифаи ҳар як фарди бонангу баномуси мамлакат мебошад.
Дар охир байни масъулон ва ҳозирин бобати масъалаҳои матраҳгардида суҳбати озод доир гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

