• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии навбатӣ дар ҷамоати деҳотӣ Баҳори шаҳри Ваҳдат

Migration Service by Migration Service
27.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
314
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат вохӯрии навбатиро дар ҷамоати деҳоти Баҳор баргузор намуд, ки дар он масъулини ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.

Зимни баромад мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Асозода Сарабек иброз намуд, ки талаботи бозори меҳнат дар хориҷи кишвар, бахусус дар Федератсияи Россия ба мутахассисони касбӣ нигаронида шудааст. Аз ин баъд, ҳар як муҳоҷири меҳнатиро зарур аст, ки қабл аз сафар, омодагии ҳамаҷониба дида, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва малакаи тахассусии худро баланд бардошта, аснои будубош дар давлати қабулкунанда, қонунгузорӣ, фарҳанг, маданияти он кишварро риоя намояд.

Ба маълумоти ҳозирин расонида шуд, ки барои соҳибкасб гаштани муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Ваҳдат бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои соҳибкасб гардидани ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ тамоми шароитҳоро фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таъсисёбии филиалҳои “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки аз рӯи зиёда аз 36 номгуи ихтисос дар он омӯзонда мешаванд. Ба ғайр аз омӯзиши касбҳои коргарӣ, инчунин шаҳодатномакунӣ малакаи тахассусӣ дар маркази мазкур бароҳ монда шудааст. Ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд, ки аз ин имконияту шароити мусоид самаранок истифода намоянд.

Сипас мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират Убайдуллоева Мунирахон ба сухан баромада, ба иштирокчиён оид ба татбиқи амалии Стратегияҳои муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм, савдои одамон ва моҳияти онҳо таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб намуд.

Дар баромадаш Убайдуллоева М. қайд намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аснои будубош дар хориҷи кишвар, ҳуҷҷатҳои заруриро дар идораҳои дахлдор ва мақомоти марбута мустақиман бе дахолати миёнараву қаллобон дастрас намуда, талаботҳои қонунии давлати қабулкунандаро риоя намоянд. Дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба ягон мушкили ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консулгариҳои он дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.

Баъдан ба иттилоӣ ҷамъомадагон расонида шуд, ки пайваста бо фарзандони худ дар алоқа буда, аз ҳоли онҳо доимо бохабар бошанд. Ба онҳо таъкид намоянд, ки ба даъвати ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, доираҳои таблиғотӣ ва ваъдаҳои пучу бемаънии гурӯҳҳои иртиҷоӣ дода нашаванд, дар масъалаи истифодабарии интернет ҳушёр бошанд. Ба ҳар паёмаку даъватҳои дурӯғ дода нашаванд. Фаромуш набояд кард, ки одитарин амалу ҳаракати бе мавқеи онҳо метавонад, ки ба ихроҷи онҳо оварда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳозирин бори дигар ба масъалаҳои фавқузикр ишора намуда таъкид карда шуд, ки ҷавонони мо, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳеҷ ваъдаю таблиғотӣ бе мантиқи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, доираҳои манфиатҷӯ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дода нашаванд. Фаромӯш набояд кард, ки онҳоро Ватани обод, падару модар, зану фарзанд интизор аст.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат

Previous Post

Парчами давлатӣ ифтихори миллат

Next Post

Дарси идоравӣ дар “Маркази машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ

Next Post

Дарси идоравӣ дар “Маркази машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.