Дар толори маҷлисгоҳи МД “Маркази таълими калонсолон”-и шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Беҳтар намудани идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи муҳоҷирон дар кишварҳои Роҳи Абрешим ва кишварҳои Осиёи Марказӣ”, вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта баргузор гардид. Дар он кормандони “Маркази захиравии муҳоҷирон” шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ва 20 нафар сокинон иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, роҳҳои пешгирӣ намудан аз гурӯҳҳои ифродгаро, экстремизм ва терроризм, инчунин эҳтиёт будан аз ширкатҳои қалбакӣ, ки айни замон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кор дар хориҷи кишвар бударо пешкаш мекунанд, суханронӣ карда шуд.
Аз ҷумла, дар баромади худ намояндагони “Маркази захиравии муҳоҷирон” қайд карданд, ки муҳоҷирати бехатар маънои онро дорад, ки муҳоҷирон аз ҳама гуна хатарҳои марбут ба саломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва ҳаёти онҳо дар ҳама марҳилаҳои раванди муҳоҷират (дар кишварҳои аслӣ, транзит ва қабулкунанда) ҳифз карда мешаванд. Омилҳои асосӣ барои фароҳам овардани шароит барои ҳаракати одамон – ин ба роҳ мондани ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ баҳри таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон мебошад.
Хуб омода намудани муҳоҷирон пеш аз сафар, таъмин намудани онҳо бо маълумоти саҳеҳ дар ҳама марҳилаҳо – пеш аз муҳоҷират, дар рафти он ва пас аз бозгашт, баланд бардоштани маърифати молиявии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, маълумотнокии муҳоҷирон оид ба хизматрасониҳои мавҷуда дар давлатҳои аслӣ ва кабулкунанда роҳҳои муҳими таъмини бехатарии ҷараёни муҳоҷират мебошанд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд. Экстремизм ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад.
Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки ҳар як фарди солимфикр бояд худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо канор гирад, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намуда гумроҳ намоянд.
Бо дар назардошти гуфтаҳо таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш кунанд, ки мушкилии худро на ба танҳоӣ балки ба Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия ва ё мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқӣ Федератсияи Россия муроҷиат намоянд. Дар фарҷоми вохӯри ба дигар саволҳои ҷамъомадагон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират ҷавобҳои муфид дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон