• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Migration Service by Migration Service
13.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар идомаи сафари корӣ намояндагони МД “Марказҳои машаваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) вохӯрии судманд бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ доир ба қонунҳои нави кишвари Россия суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки аз 1 сентябри соли 2026, барномаи мобилии “Амина” ба тамоми категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки вурудашон ба Федератсияи Россия бе виза амалӣ мегардад, роҳандозӣ карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки барномаи мобилии “АМИНА” дар ҳудуди Москва ва вилояти он фаъолият дошта, пештар аз ин танҳо барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шуда буд.

Шуруъ аз 1 сентябри соли 2026, барномаи мобилии бақайдгирии “Амина” ягона роҳи бақайдгирӣ дар Маскав ва вилояти он гардида, категорияҳои зерини шаҳрвандон низ тавассути барномаи мазкур ҷойи зисти худро ба қайд мегиранд:Барои шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло: Донишҷӯён (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсил ва тадқиқоти илмӣ машғул мебошанд). Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрвандони ноболиғ тибқи тартиби муқаррашуда, барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ ба шуъба ё раёсати ВКД Россия вобаста ба ҷойи зисти худ муроҷиат менамоянд.

Инчунин, зимни мулоқот бо таваҷҷуҳи иштирокдорон расонида шуд, ки  вақтҳои охир ҳолатҳои рад кардани вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия дар гузаргоҳҳои сарҳадии фурудгоҳҳои шаҳри Москва зиёд гардидаанд. Бо назардошти ин, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки сафари худро пешакӣ ба нақша гирифта, пеш аз парвоз ҳатман аз замимаи “Госуслуги RuID” барои гузаштан аз бақайдгирии рақамӣ ва пешниҳоди ариза барои сафар ба Россия истифода намоянд.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки омодаи сафар ба Федератсияи Россия мебошанд, таъкид карда шуд, ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд. Вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё “шарикони расмӣ” муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд.

Хадамоти муҳоҷират тавсия медиҳад, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия.

Дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба Намояндагии “Хизматрасонии шиносномадиҳии раводид” (ХШР) ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, муроҷиат намоянд. Дар намояндагӣ шумо метавонед тартиби ҳатмии дактилоскопияро гузаред, инчунин маълумотнома дар бораи мавҷуд ё набудани маҳдудият барои ворид шудан ба Федератсияи Россияро дастрас намоед. Ин иқдом ба шумо имкон медиҳад, ки набудани монеаҳоро пешакӣ санҷида, сафари худро бо итминон бештар ба нақша гиред.

Ба таваҷҷуҳи роҳбарият ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ расонида шуд, ки иҷрои саривақтии ин тадбирҳо кафили будубоши бехатар ва қонунии шумо дар қаламрави Федератсияи Россия ва инчунин амалӣ гардидани ҳадафҳои сафари шумо, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

ЭЪЛОН: КОР ДАР ЛАҲИСТОН (Польша) ВА ОЛМОН (Германия)

Next Post
ЭЪЛОН: КОР ДАР ЛАҲИСТОН (Польша) ВА ОЛМОН (Германия)

ЭЪЛОН: КОР ДАР ЛАҲИСТОН (Польша) ВА ОЛМОН (Германия)

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.