Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти мухоҷират дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ба Ватан бозгашта, ки боз майли сафар ба Федератсияи Россия доранд, баргузор гардид.
Аз ҷониби масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд оиди қоидаҳои нави Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида шуд. Гуфта шуд, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст. Дар асоси ин, Қоидаи 90/180 қатъ карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвими иваз карда шудааст.
Мутобики ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз ба даст намеорад метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Россия дар мудатти соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ яъне 31 декабр ҳуҳуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад. Муҳлати ин қоида ҳар сол аз 1 январ оғоз мешавад ва 31 декабр ба итмом мерасад.
Зикр карда карда шуд, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардид, онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Аз ин хотир, хуб мешуд, ки онҳо рисолати модарии худро, ки таълиму тарбия додани фарзанд аст ба ҷо оранду дар ватани худ ба корҳои дилхоҳ машғул шаванд, зеро имрӯз дар вилоят коргоҳҳои саноативу дӯзандагӣ зиёд гашта, фаъолияти пурсамар доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

