Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар деҳаи Хӯҷа Тоҳири Ҷамоати деҳоти Яхтан вохӯрии судманд бо сокинону фаъолони ҷамоат бо иштироки муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Мамурзода Р., сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и ноҳия Иброҳимова З., сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳия Шарофзода М., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., ва имомхатибону раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, ҷиҳати дурусти истифодаи қувваи барқ, тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, теророризм ва экстремизм, муҳоҷирати бехатар, гузаронида шуд.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., оиди дар ҷаҳони муосир таъсиррасонии равандҳо ва зуҳуроти гурӯҳҳои ифротие, ки на балки дар як қатор кишварҳои минтақа ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад, сухан ронда, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии террористӣ экстремистӣ ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки хусусан муҳоҷирони меҳнатиро фирефтаи худ мекунанд ва боз он муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад, огоҳонида шуд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бо фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандае, ки дар кишвари Россия амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро бояд дуруст ба роҳ монанд, суҳбат гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, оиди барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа якчанд дастуру супоришҳо дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

