Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, дохилӣ ва экологӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, инчунин оиди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба расмиятдарории будубош дар қаламрави Федератсияи Россия, тартиби гирифтани иҷозатнома ба кор (патент) ва тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо андешаронӣ карда шуд.
Сокинони ноҳия ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Инчунин, бо муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ барои сафарбар намуданашон ба ноҳияҳои қабулкунанда, корҳои иттилоотӣ ҷиҳати гирифтани маблағҳои қарзи имтиёзнок, ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва оғоз намудан ба сахтмони хонаҳои истиқоматӣ фаҳмонида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд