Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзуъҳои, пешгирии зуроварӣ дар оила, ҳимояи ҳуқуқи занон, бахусус заноне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргашта дар Ҷамоати шаҳраки Вашгирд дар муассисаи таълимии №35 бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассиса вохӯрии судманд, баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо занон ва оила Давлатзода Р., баромад намуда дар бораи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ки, аз 19 марти соли 2013, №954 амал намуда, аз 4 боб ва 26 модда иборат мебошад, вобаста ба ҳар як банди қонун ба ҳозирин, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, дар навбати худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Азизова Б., баромад намуда, ба ҳозирин, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд кард, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Инчунин, дар фарҷоми баромад ба иштирокчиён буклетҳо, аз ҷумла “Зуроварӣ оила нисбати занони муҳоҷир – онро чӣ тавр бояд дарк намуд ва ба куҷо бояд муроҷиат намуд ?, “Қувваи ман барои зуровари нест”, “Ҳурмати бонувон – фарҳангӣ мост”, “Экстремизм ва терроризм – манбаи хавфу хатар”, дастрас гардид.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод