Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор суҳбату вохӯриҳо бо сокинон доир гардида истодааст. Ин навбат вохӯрии гурӯҳи кории таблиғотӣ бо сокинони касбу кори гуногуни деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Ватан баргузор гардид.
Дар мулоқот нотиқон муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, оид ба беҳтар намудани шароити фарзандон барои китобхонӣ ҷалб намудан дар хонавода, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пардохти саривақтии маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ, махсусан маблағҳои истифодаи қувваи барқ, оид ба вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон, афзун гардидани хатару таҳдид ба амнияти саросари кишвар, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, кишту кор, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар масъалаҳои муҳимро таъкид намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия доир ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, қоидаҳои будубош дар ҳудуди Федератсияи Россия, тартиби бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои ҳифзи меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён ба ҳушёрӣ, дурӣ аз ҳар гуна сохторҳои вайронкор ва аҳамияти ҷиддӣ додан ба таҳсил ва ҷалби фарзандон ба раванди таълим даъват гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки риояи меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳо, инчунин андешидани чораҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ) зарур аст.
Илова бар ин, ба муҳоҷирон тавсия дода шуд, ки аз гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ ба дархости шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро чунин амал метавонад ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунад ва барои онҳо ҷавобгарии қонунӣ ба миён оварад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

