Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дар Ҷамоати шаҳраки “30 солагии Истиқлол” ва Ҷамоати деҳоти Чашмасор, дар муассисаҳои таълимии № 50 ва 34 бо фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Азизова Басонат, дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонунҳои амалкунандаи ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ворид гардидани тағийру иловаҳо ба қонун, донистани забон, қоидаҳои будубош дар давлати муҳоҷирпазир, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, иҷроиши қонунҳои Федератсияи Россия дар самти муташаккилона сафарбар кардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин кишвар ва дигар давлатҳои хориҷа, риояи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (ФР) низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд.
Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳад.
Агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Агар шумо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.
Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ ва пайдо намудани посух ба саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Инчунин, барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Давлатзода Р., сухан намуда, қайд намуд, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, баробарҳуқуқии мардону занон, муаррифи кардани ҳунарҳои занони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Имрӯзҳо, бонувони тоҷик дар соҳаҳои маориф, тандурӯстӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил медиҳанд ва зарур аст, ки баҳри дар тамоми самтҳои фаъолият, аз ҷумла муассисаҳои бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда мешаванд.
Бояд мо занону духтарон барои баланд бардоштани номи зани тоҷик дар тамоми кишварҳо, тарғибу ташвиқ ва тарзи пӯшидани либосҳои миллӣ, ҳамеша саҳмгузор бошем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Ҷомаҳмадова Б., баромад намуда, дар бораи ба Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар кардани ҷавонон аҳамияти махсус дода, марзубуми ин Ватани муқаддасро нигоҳ бояд дошт, сухан гуфт.
Ӯ қайд кард, мо ҷавононро зарур аст, ки баҳри пойдору устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватани азиз, иштироки ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ширкат варзидан дар стипендияҳои Президентӣ ва ноҳиявӣ, фаъол бошанд.
Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Алиева Н., баромад намуда оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” пӯшидани сару либоси ягона, тозагии синфҳо, робитаи мактаб бо волидайн ва дигар масъалаҳо сухан намуд.
Намояндаи ШВКД дар ноҳияи Файзобод бошад, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ” ҷаримабандии нисбати қонунвайронкуниҳо ва моддаи 90-уми қонун ва дигар масъалаҳои марбута, баромад намуд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ноҳия мунтазам гузаронида мешавад
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод