Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдаки дар ҳамбастагӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Аз рафти ярмарка директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода А., муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмуродзода М., ва сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Пустиев Р., ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Идиев А., дидан намуда, суханронӣ карданд.
Дар ярмаркаи мазкур 14 ташкилоту муассиса, дар умум, 175 ҷойҳои кории холӣ худро ба корҷӯён пешниҳод намуданд. Ҷойҳои кории холӣ, асосан, аз раёсати маориф, Маркази калонсолони ноҳия; соҳаи тандурустӣ, корхонаи пойафзолбарории ҶДММ “Сарҷамъ”, филиали бонкҳои “Амонатбонк”, “Эсхата”, “Имон”, “Комерсбонк”, “Финка” ва “Аввалин бонки молиявии хурд” ба сокинону корҷӯён пешкаш гардид.
Чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ минбаъд низ баргузор карда мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ