• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ярмаркаи ҷойи корӣ ва вазифаҳои озод ба шаҳрвандон

Migration Service by Migration Service
20.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ярмаркаи ҷойи корӣ ва вазифаҳои озод ба шаҳрвандон
311
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

20 ноябри соли равон дар назди бинои Сирки давлатии пойтахт бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеъи он дар ҳамбастагӣ бо дафтари Намояндагии МДБ “Маркази сершуғли муҳоҷират” – и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод доир шуд. Ин маъракаи муҳим дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва нақшаи муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари аҳолии бекор – шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ширкатҳои истеҳсолӣ ва сохтмонии Федератсияи Россия, инчунин дар корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва НБО “Роғун” мебошад.

Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи мазкур, дар маҷмӯъ зиёда аз 5000 ҷойи холии корӣ, аз ҷумла 2000 ҷойи корӣ дар кишвари Федератсияи Россия ва боқимондаи он дар дохилӣ кишвар ба шаҳрвандон пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби ташкилкунандагон ба иштирокчиёни ярмарка буклетҳо ба миқдори зиёда аз 200 нусха ва корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Инчунин, дар ярмарка директори ҶДММ “Комбинати коркарди гушти Шёлково”-и ФР Хачатурян Сергей баромад намуда қайд кард, ки корхонаи ӯ омодааст шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷойи кор таъмин намояд. Айни замон дар корхонаи мазкур зиёда аз 270 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Бояд гуфт, ки сокинони ҷумҳурӣ дар ин коргоҳ бо хобгоҳи замонавӣ, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад таъмин гардидаанд.

Дар баромад Сергей Сократович ба ҳозирин оид ба шароити кор ва истироҳати муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар сатҳи аъло қарор дорад маълумот дод. Атрофи корхонаро боғи фароғатӣ ва дарёи Клязма фаро гирифтааст, ки макони тафреҳи коргарон аст.

Қайд намуд, ки корхона маҳсулоти ниматайёри яхкардашуда истеҳсол намуда, фуруши онро дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия, Беларус ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавассути фурушгоҳи “Ашан” ба роҳ мондааст.

Тибқи хабари дафтари Намояндагии МДБ “Маркази сершуғли муҳоҷират” – и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ярмаркаи ҷойҳои холии кории баргузоргардида, зиёда аз 700 нафар сокинони пойтахт ва шаҳрвандон иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯриву суҳбатҳои муфид бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Next Post

Раванди хатарзоро пешгирӣ мебояд

Next Post

Раванди хатарзоро пешгирӣ мебояд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.