Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб якҷо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар майдони назди маркази савдои “Бадахшон” ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.
Дар ярмарка 6 корхонаю муассисаҳои шаҳр иштирок намуда ба бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 75 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуданд.
Қобили қайд аст, ки ҷойҳои кории холи асосан дар корхонаю ташкилотҳои шаҳр ва ширкатҳои сохтмонии ҶСК НБО “Роғун” аз рӯи ихтисосҳо, музди маош ва шарту шароити кори пешниҳод гардид.
Дар рафти ярмарка кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират бо иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои равияи иртиҷоӣ дошта маълумот дода, таъкид намуданд, ки дар ҳолати риоя накардани талаботи қонунгузории кишвари иқомат Федератсияи Россия шаҳрванди хориқӣ вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешаванд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён маводҳо ва брошюраҳои таблиғотӣ дастрас карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

