Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 12-уми июни соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Парчами миллӣ”-и ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки майдони Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Парчами миллӣ” бо шиору овезаҳо овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ноҳия ба маърази намоиш гузошта шуда буд.
Ҳамзамон, ёдрас менамоем, ки дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби 28 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб 175 воҳиди корӣ пешниҳоди корҷӯён гардида, 79 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории ярмарка ба 23 нафар тавсиянома ба ҷойи кор дода шуда, 36 нафар бекорон ва муҳоҷирони меҳнатие, ки касбу ихтисос надоштанд, роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 20 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар рафти ярмарка аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён варақаҳои таблиғотӣ дар мавзуъҳои “Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй”, “Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия”, “Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд”, “Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия”, “Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии “Роғун”, “Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Аз санҷиши ВНМО гузар”, “Мо зидди савдои инсонем”, “Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон”, “Зӯроварӣ дар оила нисбати занони муҳоҷир” ва ғайра дастрас гардонида шуд.
Инчунин, иброз менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар минбаъд низ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

