Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони баргашта бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, дар бозори ҷамоати шаҳраки Шайдон ярмаркаи хурди ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 203 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии баргашта ва бо пешниҳоди 281 ҷойҳои кории холӣ дар 21 корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 6200 ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 13 нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда, 13 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират дар байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон ва коррупсия гузаронида шуд.
Инчунин қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиби шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

