Бо мақсади бо ҷойи корӣ муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар назди Бозори марказии ноҳия ярмаркаи сайёри ҷойҳои холии корӣ ва корҳои мавсимӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта гузаронида шуд. Дар рафти ярмарка аз тарафи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Уринбоев Б., ба иштирокчиён ҷойҳои корӣ дар ҶСК НБО «Роғун» пешниҳод карда шуд.Дар рафти ярмракаи сайёр ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандони бекор оиди ҷойҳои нави корӣ дар дохилӣ кишвар тавсияҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон суханронӣ карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд