Забон оинаи рӯзгори халқҳои гузаштаву ҳозира ба ҳисоб рафта, яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гаронбаҳои гузаштагон арзёбӣ мегардад.
Тавассути забон одамон бо якдигар гуфтугӯ карда, аз вазъи ҳамдигар огоҳ мешаванд.
Ин аст, ки забонро барои равшантар зоҳир гардидани ҳар як миллат рукни тавоно ва сарнавиштсоз гуфтаанд.
Аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъйу талошҳои зиёде шудаву рушди он дар заминаҳои баланди миллӣ фароҳам омад.
Чуноне, ки Пешвои миллат, дар ду ҷилд китоби «Забони миллат-Ҳастии миллат»-ро дар сатҳи баланд ва таърихӣ будани миллати тоҷик фароҳам оварда ва чунин гуфтааст: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонамон ва оинаи осори ниёконам мебошад.
Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям.
Ба ин хотир, доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам».
Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Гузаша аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили ҳифзи он мебошад.
Забони модарии мо забони ширину пурмӯҳтавои тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар таърихи миллати мо ба ҳисоб меравад.
Яъне миллати бонангу ор ва шарафманди халқи тоҷики мо фарҳанги камназиру бемисли худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Забони тоҷикӣ дар қатори қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои остонии ориёист.
Олимону мутафаккирон ва донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод, яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, алалхусус ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта расидааст.
Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи “забони тоҷикӣ”-ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи “тоҷикон”, давлатамонро бо номи “Тоҷикистон” ва забонамонро бо номи “забони тоҷикӣ” мешиносанд ва ҳамчун халқият эътироф мекунанд.
Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.
Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.
Тошмухамедова Шаҳноза,
сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират