Забон яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи таърих, фарҳанг, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми конститутсионӣ дошта, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян намуда, истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Тибқи қонун, забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар истифода мешавад. Ҳамчунин, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи қоидаҳои имло ва аломатҳои китобатӣ ҳатмӣ мебошад.
Самти дигари муҳим — муошират бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Ҳангоми қабули шаҳрвандон, гузаронидани вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи қонунгузорӣ бо забони давлатӣ шарҳ дода мешаванд.
Муҳим аст, ки ҳар як корманд ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои хизматӣ ба саводи имлоӣ, услуби баёни расмӣ, истифодаи дурусти истилоҳот ва аломатҳои китобатӣ диққати ҷиддӣ диҳад. Ин на танҳо талаботи қонун, балки нишондиҳандаи фарҳанги баланди коргузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ мебошад.
Амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” танҳо вазифаи як сохтор ё як корманд нест. Ин масъулияти умумии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳар қадар мо забони давлатиро дуруст ва босифат истифода барем, ҳамон қадар барои таҳкими мақоми он ва рушди фарҳанги миллӣ саҳм мегузорем.
Бо ҳамин мақсад, мо бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба забони давлатӣ ҳамчун яке аз арзишҳои асосии миллӣ эҳтиром гузошта, барои ҳифз, рушди он ва истифодаи дурусти он пайваста кӯшиш намоем.
Валиев Вали, Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ

