Ҳамасола ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар дар саросари кишварамон тантанаҳои идона баргузор мегарданд.
Дар арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне Наврӯзи дилафрӯз якҷоя омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст.
Зан–Модар, ки ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо аст, ба иди Наврӯз зебоиву файзу сахо мебахшад.
Ҳамчунин, ба оғози фасли баҳор рост омадани Рӯзи Модар ифодаи баракати беинтиҳои пайу қадами Зан–Модар аст.
Ин худ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки агар Баҳор эҳёгари табиат бошад, Зан – Модар офарандаи ҳаёт асту аз нишоти ӯ ҳаёт бардавом мегардад.
Аз қудуми пурбаракати Зан–Модар зиндагӣ файз мегирад, аз нури чеҳраи оламтобаш қалби ҳар яки мо пур аз меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ мегардад.
Зан–Модарро бузургону мутафаккирони олам аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин ном бурдаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ пайдо карда наметавонем.
Аз ин хотир, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар яки мо, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад.
Ӯ беҳтарин мураббиест, ки тамоми хислатҳои неки инсониро ба насли худ ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накукориро мепарварад, то ки дар оянда масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расанд.
Ҳеҷ омӯзгор беҳтару хубтар аз модар ба шахс дарси одамияту худшиносиро омӯзонида наметавонад.
Бе ягон муболиға, ҳатто як насиҳати зиндагиомӯзи модар ба фарзанд баробар ба қурбу манзалати як шоҳасарест.
Аксари мутафаккирони донишмандони барҷаставу гузаштаии муосири олам, аз ҷумла адибони муосири мо, хислатҳои ҳамидаи бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд.
Модар ба фарзанд дар баробари сухан гуфтан беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои инсониро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад.
Фарзанди оқил ба сухани модар, ба андарзи бебаҳои ӯ, ки чун шамъ равшангари ҳаёташ аст, арҷгузорӣ менамояд.
Қадру манзалати модар дар олам беинтиҳост.
Бузургии ӯ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.
Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ занону модарон ва ҷавондухтарони кишварамонро «нигини пурҷилои тоҷи миллат» ном бурдаанд.
Боиси таъкид аст, ки бо ташаббуси хирдамандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи байналмилалии занон– 8 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзи Модар табдил дода шуд.
Ин иқдом ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Зан-Модар дар ҷомеа роҳандозӣ гардидаву чорабиниҳои Рӯзи Модар, дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлолу азизамон бо шукӯҳу ҷилои тоза баргузор карда мешаванд.
Ин иқдоми басо наҷиб, яъне эълон гардидани Рӯзи Модар ҳар яки моро бар он ҳидоят менамояд, ки ҳурмату эҳтироми Зан–Модарро сидқан ба ҷо оварда, ӯро аз ҷон ҳам азизтару муқаддас донем.
Ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми Модарон қарзи аввалиндараҷаи ҳар як инсон аст.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояш қайд карда буданд: «Тамоми дастовардҳои ҳаёти башарият ба номи занону модарон сахт алоқаманд ҳастанд, зеро ки онҳо аз беҳтарин олиҳаҳое мебошанд, ки ҳаёт меофаранд».
Дар ҳаёти имрӯзаи мо занон на танҳо наслофар, бахшандаи ишқу муҳаббат ва зиёбахши дилу хонадони мардонанд, балки офарандаи неъматҳои моддӣ, созандаю роҳнамо низ ба шумор мераванд.
Онҳо бо фаъолияти бунёдкоронаи хеш ҳар гуна мушкилотро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт бо сари баланд ҳаллу фасл карда метавонанд.
Дар кишварамон баҳри татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки самараҳои дилхоҳ ба даст овардаанд.
Зарурат ба таъкид аст, ки бо таъмини масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро бунёд намоем.
Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикитсон ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021–2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Бо василаи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мақому манзалати занон дар ҷомеаи кишварамон сол аз сол баланд мегардад.
Тадбирандешиҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ин самт ҳар яки мо, алалхусус, роҳбарони зинаҳои мухталифро водор менамояд, ки дар татбиқи амалии онҳо ҳиссаи сазовор гузорем.
Тошмухамедова Шаҳноза,
сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират