Ҳукумати мамлакат самти муҳими сиёсати иҷтимоии худро ба ғамхории ҳамаҷонибаи занону духтарон равона кардааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин самт боз ҳам диққати асосӣ равона гардид.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зан-модари тоҷик дар ҷомеа мақом ва манзалати хосса касб намуд. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул шуд, ки он омили беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафт. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ, устувору пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва саҳми занон дар пешбурди оила, ҷалби оилаҳои ҳунарманд барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти оилаҳо сухан гуфта шуд.
Занону духтарон дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстию масъулиятшиносӣ ва дар зеҳну шуури фарзандон талқин намудани меросу суннати гузаштагон пайваста саҳм гузошта, дар оянда низ ин анъанаро идома медиҳанд.
Тошмухамедова Шаҳноза, Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират