• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Зуҳуроти номатлуби замон

Migration Service by Migration Service
15.04.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – экстремизм ва терроризм
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз аз рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисми зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат, хурофоти асри миёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дар ҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст.

Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст.

Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Аслан бояд қайд кард, ки терроризм зуҳуроти мураккаб аст.

Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад.

Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст.

Баъди шикасти “Давлати Исломӣ” дар Сурия ва Ироқ як қисм ҷангиёни ин созмонҳои террористӣ бо роҳҳои гуногун ба Афғонистон оварда шуданд.

Дар музофотҳои шимолии Афғонистон террористони созмони “Давлати Исломӣ” мавқеи мустаҳкам доранд ва сафи он аз ҳисоби ҷалби ҷавонони маҳаллӣ пурра мегардад.

Имрӯз зарур аст, ки кулли қувваҳои солими сайёра барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд.

Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳимми муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.

Сарукор гирифтан аз “сиёсати дугона” нисбат ба терроризму экстремизм самараи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам нооромтар месозад.

Маблағгузорӣ шудани ташкилотҳои террористию ифротӣ аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳову фондҳо имрӯз барои касе пӯшида нест.

Чунин ниҳодҳо поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шудани ҳазорон гуреза, аз ҷумла, занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Дар Афғонистон нерӯҳои ифротии минтақа, ки Афғонистонро ҷойи амали террористӣ қарор додаанд, аз фурӯши маводи мухаддир барои худ яроқу аслиҳа мехаранд.

Мусаллам аст, ки чунин ҳамсоягӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори осон нест.

Тоҷикистон, ки садди роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, сарфи назар ба ҳисороти молию ҷонии худ нақши кишвари буфериро иҷро менамояд.

Яке аз муаммоҳои ҳалталаб ин мавриди таҳлил қарор намудани шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро мебошад.

Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии динӣ ва ҳамчунин дунявӣ надоранд.

Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд.

Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Муаммои мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм имрӯз муҳимтарин арзёбӣ мешавад.

Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ метавонад тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифат бошад.

Каримова Заррина,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”- и Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

Бо падидаҳои номатлуб оштинопазир бошем

Next Post
Чорабиниҳо оид ба пешгирии савдои одамон

Бо падидаҳои номатлуб оштинопазир бошем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.