• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷавонон шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода баранд

Migration Service by Migration Service
29.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷавонон шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода баранд
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷумҳурии мо пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд. З-ин рӯ мардуми кишвар барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, таъмини суботи комил, пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм тамоми нерӯву имконияти хешро мебахшад. 

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст ва дар ҳамаи минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм буда, боиси таваҷҷуҳи давлатҳои ҷаҳон ва мардумони олам гардидааст.

Ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро имрӯзҳо пайдо кардааст ва он ҳамчун хавфноктарин таҳдид барои инсоният ва ҷомеа боқӣ мондааст, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд ёфта истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб намудааст.

Солҳо ва моҳҳои охир ҳазорҳо нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафар маъюб шудаанд, хусусан қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон.

Ин амалҳои нопок ва ваҳшиёна аз тарафи  як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин анҷом дода мешаванд.

Ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ мехоҳанд дар ҷаҳон эътибори сиёсӣ пайдо намоянд. Бояд қайд кард, ки ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто, дар варзиш ба миён ояд. Терроризм худ зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, мебошанд.

Рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта вобаста аст. Ин андешаҳо ниҳоят муҳим мебошанд, ки дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ва, касеро бетараф гузошта наметавонанд.

Дар рафти ҳаёти худ ҳар як инсон бояд ин олами пурасрорро дарк намуда, ба моҳияти қонуниятҳои ҳаракату инкишофи он сарфаҳм равад. Барои гузоштани таҳкурсии маънавиёти фарзандон саҳми падару модарон, омӯзгор ва калонсолон хеле муҳим аст.

Тарбияи онҳо барои минбаъд соҳибмаърифат гаштан, дар ҷамъият мавқеи устувор пайдо намудан ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардан муҳим ва зарур аст.

Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бештар ҷавонони сустирода, хусусан муҳоҷирони меҳнатии ба маблағ эҳтиёҷдоштаву маърифати комил надоштаро ба доми худ ҷалб мекунанд. Бояд аз хатарҳои ин зуҳурот муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо огоҳ шаванд. Бархе аз муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби дониши кофӣ надоштан, даст ба қонуншиканию ҷиноятҳо мезананд.

Баҳри пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама, ҷавонони солимфикр – нерӯи  созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеаро, лозим аст, ки барои ҳимояи таърих, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодӣ дониши сиёсии худро комил гардонанд ва ба корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Нисбат ба вазъи равонии аҳли оила, наздикону пайвандон ва воқеаҳои атрофи худ бетараф набошанд.

Шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводи шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроваридошта, худдорӣ намоянд. Зеро гурӯҳҳои террористӣ шабакаи интернетро чун воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб кардаанд.

Имрӯз ҷавонони мо бояд ҳамаи кӯшишҳои роҳбарияти Олии давлатро пазироӣ намуда, бояд баҳри таҳкими пояҳои истиқлолият кӯшиш кунанд. Танҳо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар як фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум ба ҳисоб меравад.

Бобоназарзода Санавбар,

мудири шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ҷавонон набояд арҷгузорӣ ба  арзишҳои миллӣ ва нангу номусро фаромӯш созанд

Next Post

Ҷаласаи корӣ назди муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират

Next Post
Ҷаласаи корӣ назди муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират

Ҷаласаи корӣ назди муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.