Муҳоҷират яке аз равандҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ буда, бо шуғли аҳолӣ, таъмини рӯзгори оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва муносибатҳои байналмилалӣ робитаи мустақим дорад. Бо назардошти тағйир ёфтани вазъи бозори меҳнати ҷаҳонӣ, зиёд шудани талабот ба ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон ва пайдо гардидани шаклҳои нави муҳоҷират, такмили заминаи қонунгузорӣ дар ин самт зарурати воқеӣ ба ҳисоб мерафт.
Бо ҳамин мақсад, 21 октябри соли 2026 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” таҳти №2300 дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни мазкур аз 10 боб ва 43 модда иборат буда, Қонуни қаблӣ аз 11 декабри соли 1999-ро, ки 27 модда дошт, аз эътибор соқит намуд. Агар қонуни пешина асосан масъалаҳои умумии муҳоҷиратро танзим мекард, қонуни нав доираи васеътари муносибатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳаро фаро мегирад.
Яке аз тағйироти муҳим – мушаххас гардидани ҳуқуқ ва кафолатҳои муҳоҷирон мебошад. Дар моддаҳои 10, 11 ва 12 ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои ҳуқуқии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо муайян шудаанд. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ, муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, гирифтани хизматрасониҳо, ҳифзи иҷтимоӣ, шароити бехатари меҳнат ва шикоят аз қарор ё амали мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Ин муқаррарот барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо аҳаммияти муҳим доранд.
Ҷанбаи дигари муҳими қонун масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки дар моддаи 22 инъикос ёфтааст. Дар шароите, ки қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии мо ба бозори меҳнати як кишвари муайян вобастагӣ доранд, васеъ намудани самтҳои муҳоҷират ва аз худ кардани бозорҳои нави меҳнатӣ аҳаммияти калон дорад. Қонун ташаккули феҳристи корфармоёни хориҷӣ, ҷорӣ намудани низоми радабандии онҳо, ба ҳисоб гирифтани шикоятҳои муҳоҷирон ва рушди платформаҳои рақамиро пешбинӣ менамояд. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд ҳангоми интихоби корфармо на танҳо мавҷудияти ҷойи кор, балки риояи ҳуқуқи меҳнатӣ, шароити кор ва кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон низ бояд ба инобат гирифта шаванд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар қонуни нав масъалаҳои қаблан ба таври мустақил дар қонунгузории соҳавӣ инъикоснаёфта низ мушаххас гардидаанд. Аз ҷумла, моддаи 35 ба интиқоли ҷасади муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ ба Ватан бахшида шудааст. Мутобиқи ин модда, мақоми ваколатдор дар соҳаи амалисозии сиёсати хориҷӣ ва намояндагиҳои мақомоти ваколатдори дигари давлатӣ дар хориҷи кишвар барои интиқоли ҷасади муҳоҷирони фавтида мусоидат менамоянд.
Ин меъёр аз нигоҳи иҷтимоӣ аҳаммияти махсус дорад. Зеро дар амал ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки дар натиҷаи садама, беморӣ ё дигар ҳодисаҳои нохуш ба ҳалокат расидани шахс дар хориҷи кишвар аз эҳтимол дур нест. Дар чунин вазъ оилаҳои онҳо на танҳо бо ғаму андӯҳи аз даст додани шахси наздик, балки бо мушкилоти ташкили интиқоли ҷасад ва хароҷоти вобаста ба он рӯ ба рӯ мешаванд. Муқаррар гардидани ин масъала дар сатҳи қонун барои муайян намудани масъулияти мақомоти дахлдор ва ташаккули механизми ҳамоҳангшудаи мусоидат заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, моддаи 32 ба масъалаи репатриатсия, яъне бозгардондани муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Ватан бахшида шудааст. Махсусан, бозгардондани шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар ба таҳдидҳои ҷиддии ҳаёт ва саломатӣ рӯ ба рӯ шудаанд, инчунин кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сарпарастии падару модар ё намояндагони қонунии худ маҳрум мондаанд, пешбинӣ гардидааст. Қонун ҳамчунин мусоидат ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, гирифтани шаҳрвандӣ, бо шуғл таъмин намудан ва мутобиқшавии иҷтимоии репатриантҳоро муайян мекунад.
Ин меъёр нишон медиҳад, ки муносибати давлат ба муҳоҷират танҳо бо масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ё баҳисобгирии онҳо маҳдуд намешавад, балки бозгардонидани шаҳрвандони дар ҳолатҳои душвор қарордошта ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зиндагии минбаъдаи онҳо низ ҷузъи муҳими сиёсати муҳоҷират ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, моддаи 36 реинтегратсияи шаҳрвандони ба Ватан баргаштаро пешбинӣ менамояд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор мегарданд, ки барои мутобиқшавии иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии чунин шаҳрвандон, аз ҷумла тавассути касбомӯзӣ, бо кор таъмин намудан ва истифодаи таҷрибаи касбии дар хориҷи кишвар андӯхтаи онҳо чораҳо андешанд.
Аз дигар навгониҳои назаррас муқаррар гардидани рақамикунонии равандҳои муҳоҷират дар моддаи 38 мебошад. Ташаккули низоми ягонаи иттилоотии муҳоҷират, баҳисобгирии электронӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳо дар шакли электронӣ метавонад раванди хизматрасониро шаффофтар ва дастрастар гардонад. Ҳамзамон, моддаи 40 масъалаи баҳисобгирӣ ва омори муҳоҷиратро бо назардошти ҳамаи намудҳои муҳоҷират ва риояи талаботи ҳифзи маълумоти шахсӣ фаро мегирад.
Дар ҳолати кунунӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, омодагии касбӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон пеш аз сафар, муайян намудани мушкилоти муҳоҷирони баргашта, ҳамкорӣ бо корфармоён ва пешгирии ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд тақвият дода шаванд. Муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, шароити меҳнат ва талаботи давлати қабулкунанда маълумоти кофӣ дошта бошад.
Дар маҷмуъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” дар таҳрири нав заминаи ҳуқуқии танзими соҳаро васеъ намуда, муносибатҳои муҳоҷиратиро аз доираи масъалаҳои танҳо ташкилӣ ба самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастгирии иҷтимоӣ, диверсификатсияи бозорҳои меҳнат, репатриатсия ва реинтегратсия равона месозад. Самараи ҳар як меъёри ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон, дар ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва дар дастгирии оилаҳои онҳо зоҳир мегардад.
Фаридун Алимардонов,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

