• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат додаистодаанд

Migration Service by Migration Service
22.05.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат додаистодаанд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб, инчунин истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ҳамарӯза пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути парвоз, қатора ва нақлиёти роҳ ба Федератсияи Россия сафар менамоянд ҳамсуҳбат шуда, дастурҳои муфид медиҳанд.

Дар рафти суҳбатҳо шаҳрвандонро бори дигар таъкид менамоянд, ба шахсони тасодуфие, ки ба шумо дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда медиҳанд ва ҳатто омодаанд, ки пули чиптаи ҳавопаймо ва дигар хароҷотҳои сафарро пардохт намоянд, бовар накунед, зеро аксаран чунин афроди ҷиноятпеша бо хариду фурӯши одамон машғул буда, бо ваъдаҳои бардурӯғ муҳоҷирони меҳнатиро ба дом меафкананд ва қарзи калонеро ба гарданашон бор карда, ҳамчун ғуломи меҳнатӣ ё шаҳвонӣ истифода мебаранд.

Роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар муроҷиат намудан ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмие мебошад, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд.

Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия фаъолият менамоянд, расонида мешавад, ки дар сурати ба мушкилӣ дучор шудан ва ё ниёз доштан ба кумаки ҳуқуқӣ ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо суроғаи зерин муроҷиат намоед!

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии WhatsАрр” +7 (999) 912-58-68;
  2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
  3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
  4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. СанктПетербург: +7 (977) 963-25-69;
  5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
  6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7. (926) 311-52-53.

Инчунин, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2024 дар тамоми минтақаҳои Россия тағйир ёфтааст. Дар баъзе минтақаҳо нарх каме афзудааст, дар дигар минтақаҳо бошад, хеле назаррас аст.

Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Россия гуногун мебошад. Аммо дар ҳама ҷо он аз се ҷузъи меъёри асосӣ (1 200 рубл – пардохти муқарраршуда тибқи Кодекси андози Федератсияи Россия), коэффитсенти зарбшаванда (дар соли 2024 ин нишондиҳанда ба 2,4 баробар аст) ва коэффитсенти минтақавӣ, ки ҳар сол ҳар як субъект мустақилона муқаррар мекунад, вобаста аст.

Соли 2024 патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Якутия 12 957 рубл арзиш дорад. Дастрастарин нарх дар Ҷумҳурии Чеченистон 2 880 рубл мебошад.

Дар муқоиса бо соли 2023, арзиши патент дар қаламрави Забайкалие 75 рубл, Ҷумҳурии Чеченистон 156 рубл, Санкт — Петербург 200 рубл, Ҷумҳурии Тотористон 226 рубл ва Ҷумҳурии Қрим 248 рубл гарон шуд.

Иҷозатномаи корӣ дар вилояти Волгоград 2 009 рубл гаронтар, дар вилоятҳои Челябинск ва Тула 2 020 рубл, дар Твер 2 661 рубл, дар минтақаи Краснодар 3 270 рубл афзуд.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Новгород арзиши патент аз 8 036 то 4 637 рубл коҳиш дода шуд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки яке аз сабабҳо афзудани ихроҷи маъмурии шаҳрвандонамон аз Федератсияи Россия риоя нагардидани талаботи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 4 июли соли 1992, №470 “Дар бораи тасдиқи Рӯйхати ҳудудҳои танзимшавандаи Федератсияи Россия барои сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ” мебошад.

Мутобиқи моддаи 2-и қарори мазкур, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба минтақаҳои мазкур, бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат, аз қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, инчунин ҷалб ба фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ин минтақаҳо аз ҷониби ташкилотҳои қабулкунанда дар мувофиқа бо мақомоти амнияти Федератсияи Россия дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилотҳои қабулкунанда сурат мегирад.

Ташкилотҳои қабулкунанда, ин мақомоти идоракунии давлатии Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, мақомоти ҳокимияти иҷроияи минтақаҳо, вилоятҳо, ташкилотҳои мухтор, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳо, корпоратсияҳо, концернҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудудҳои танзимшаванда қарор дошта, иҷозати дахлдор надоранд ва низоми муқаррарнамудаи будубош дар Россияро вайрон мекунанд, мутобиқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Россия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷарима дар ҳаҷми аз 2 то 5 ҳазор рубл бо ихроҷи маъмурӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия татбиқ мегардад.

Бо дарназардошти ин, ба шаҳрвандоне, ки мақсади сафар ва шуруъ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар минтақаҳои мазкур доранд, тавсия дода мешавад, талаботи қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Чорабиниҳои судманд дар шаҳри Исфара

Next Post

Терроризм ва экстремизм вабои аср!

Next Post
Терроризм ва экстремизм вабои аср!

Терроризм ва экстремизм вабои аср!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.