Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ва Маркази таълими калонсолон дар ноҳия бо мақсади ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғл ва паст намудани муҳоҷирати занон вохӯрӣ бо хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ин фароҳам овардани шароити мусоид барои касбомӯзии ҷавонон, хусусан духтарону занон мебошад. Таъкид гардид, ки бо аз худ намудани ҳунарҳои муосир ва касбҳои талаботдошта, ҷавонон метавонанд дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардида, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
Ҳамзамон, иштирокчиён вобаста ба оқибатҳои манфии муҳоҷирати занон, аҳамияти мушкилоти иҷтимоӣ ва оилавӣ, ибрози назар намуда, зарурати кӯшишҳои дастаҷамъона дар ин равандро муҳим арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки рушди соҳибкории хурд, ташкили намудҳои кӯтоҳи касбомӯзӣ ва дастгирии давлатии занон метавонанд дар паст намудани муҳоҷират нақши муассир гузоранд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ шаҳодатномаҳои касбӣ супорида шуданд, ки ин иқдом барои ҳавасмандгардонии ҷавонон ва баланд бардоштани шавқи онҳо ба омӯзиши касбҳои гуногун мусоидат менамояд.
Вохӯрӣ дар фазои озоду судманд баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд ва тавсия дода шуд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, барои омӯзиши касбҳои гуногун ва фаъолияти соҳибкорӣ кӯшиш намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

