19 октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Исфандиёр Хайриддинзода, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҷумахон Меҳмодӯстзода ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Раҳматулло Зокирзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2026 ҳисобот пешниҳод намуд.
Сипас, Исфандиёр Хайриддинзода ҳисоботи пешниҳодшударо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти соҳа аз роҳбарони шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурсиш ба амал овард.
Зимни баррасӣ масъалаҳои рафтуомади муҳоҷирони меҳнатӣ, омодасозии шаҳрвандон пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ, мусоидат ба бо кор таъмин намудани шаҳврандони ба Ватан баргашта ва фароҳам овардани шароити мусоид барои касбомӯзии онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, масъалаи дастгирии шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, манъи вуруд ба Федератсияи Россия, имкони идомаи фаъолияти меҳнатиро дар ин кишвар надоранд, баррасӣ гардид. Дар ин замина, ба зарурати омӯзонидани касбу ҳунарҳои талаботи бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли онҳо дар дохили кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳоҷирони дохилӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа зарурати таҳлили мунтазами вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон пеш аз сафар, мусоидат ба шуғли муҳоҷирони баргашта ва беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои маҳаллии Хадамоти муҳоҷират таъкид гардид.
Ҷаласа бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа, муайян намудани масъалаҳои ҳалталаб ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа Исфандиёр Хайриддинзода, муовини сардори раёсати Раҳматулло Зокирзодаро, ки солиёни зиёд дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҷумла дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон кору фаъолият кардаасту имрӯз ба синни мубораки 63 солагӣ расидааст, табрику таҳният гуфт. “Раҳматулло Зокирзода барои ҳамаи кормандони раёсати мо ҳамчун Устод ба ҳисоб меравад. Таи чандсоле, ки ҳамроҳ кор кору фаъолият кардем бисёр нозукиҳои соҳаро аз ин марди шариф омӯхтем. Аз номи ҳамаи кормандони раёсат ва зерсохторҳои он соҳибҷашнро бо мавлудашон табрику таҳният мегуем. Ҳамзамон “Сипоснома”-и Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлонро барои заҳматҳояшон тақдим мекунем”- гуфт сардори раёсат.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
